Фурӯ рафтани як пул дар Ҳинд сабаби ҳалокати 141 нафар шуд (ВИДЕО)

Бар асари фурӯ рафтани пул дар иёлати Гуҷарот воқеъ дар ғарби Ҳинд ҳаддиақал 141 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо мақомот мегӯянд теъдоди фавтидагон метавонад афзоиш ёбад. Ин пул чанд рӯз баъд аз як таъмири тӯлонӣ фурӯ рехт.

Мақомоти интизомии Ҳинд субҳи имрӯз, душанбе шумори ҳалокшудагонро 141 нафар эълон карданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки беш аз 170 нафар наҷот дода шудаанд ва 15 нафар бо ҷароҳтаҳо дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд. 

Бисёре аз ҳалокшудагон кӯдаконе мебошанд, ки ҳамроҳ бо волидонашон ба таҷлили иди ҳиндуҳо Диволи омада буданд.

Ин пул, ки дарёи Мачхуро бо шаҳри Морви мепайвандад, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз як таъмири басо тӯлонӣ фурӯ рехт Бино ба омори расонаишуда аз ҷониби ҳокимияти маҳаллӣ болои пул ва дар атрофи он наздик ба 500 нафар гирд омадаву саргарми таҷлили Диволи буданд. Дар натиҷа банде, ки пулро нигоҳ медошт канда шуд ва одамон яке паси дигар ба дарё фурӯ рафтанд. 

Гуфтанист, ки Диволи як ҷашнвораи панҷрӯзаи ҳиндуҳост, ки дар саросари Ҳинд таҷлил мешавад ва таърихи иҷрои он ба замонҳои пеш аз таърих бозмегардад.    

Дар наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, дида мешавад, ки чӣ гуна одамон барои наҷоти ҷонашон ба банд чанг мезананд.

Аслан ин пул ба дарозии 230 метр дар замони ҳукумати инглисҳо дар Ҳинд сохта шуда буд.

Сарвазири Ҳинд Норендра Модӣ, ки ҳамакнун дар як сафари серӯза дар Гуҷарот ба сар мебарад, эълон кард, ки ба вазири асосии иёлат супориш додааст, ки барои анҷоми амалиёти наҷот тадбирҳои фаврӣ андешад.

Моди гуфт, ки аз ин фоҷеа амиқан мутаассиф аст. Вай ҳамчунин гуфт ба ҷабрдидагон ва пайвандони онҳо аз ҳисоби давлат ҷубронпулӣ дода хоҳад шуд.