Тавсияҳои КҲФ дар рӯзҳои сарди зимистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки ҳавои номусоид ва сард дар кишвар то 15-уми декабр боқӣ мемонад. Имрӯз, 11-уми январ низ бориши барф дар қаламрави кишвар идома мекунад.

КҲФ хотиррасон мекунад, ки ба сабаби барфи зиёд хатари зарар дидани хатҳои интиқоли неруи барқ, шикастани шохи дарахтон ва чаппа шудани пояҳои сустниҳоди сутунҳои реклом вуҷуд дорад. Аз сӯи дигар барфи тар хатари яхбандиҳои шадид ҳам дорад.

Кумита ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки дар ин гуна ҳолатҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Вақти гаштугузор дар кӯчаҳо хубтар он ки аз зери дарахтону сутунҳо нагузаред. Мошинҳои худро зери дарахтон ва зери девори биноҳои баландошёна нагузоред. 

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад бомҳои худро сари вақт аз барф тоза кунанд, дар сурати имкон набудан ба хадамоти комуналии маҳалли худ муроҷиат намоед, то ёрӣ расонад.

Аз сафарҳои безарурат ба ин ё он минтақаи кишвар, роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум, шикор муваққатан даст кашед.

Дар хонаҳои худ вақти гарм кардани манзил қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намоед.

 

Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:

Навбатдори масъул дар Кумита: 112, 221-91-19, 223-13-11, 93 880 28 19.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе: 225-44-62, 225-44-76

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

- (83139) 2-60-74;

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

- (83222) 2-35-05, 2-78-28;

Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:

- (83322)   21656, 21657

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

- (83522) 2-40-57, 22744; 

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

- (83422)  51555, 57995