Ҳушдори КҲФ аз сармо ва хатари тармаи рӯзҳои оянда. Вазъи ҳаво дар кишвар ва баъзе тавсияҳо ба аҳолӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар  мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 14-18 январи соли равон дар ааксари ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва водиҳо шабона дамои ҳаво аз -17-22 то -12-17 дараҷа ва рӯзона ​​-8-13, дар навоҳии кӯҳӣ шабона - 22-27 ва рӯзона ​​-10-15 дараҷа хоҳад буд.

Дар шарқи  ВМКБ ҳаво шабона -38-43 ва рӯзона ​​-27-32 дараҷа сард мешавад.

Роҳҳои мошингард ях мебанданд ва ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ хоҳанд кард.

Рӯзҳои 14-16 январи соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди Душанбе – Варзоб - Айнӣ – Хуҷанд, Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод - Лахш, Душанбе - Сангвор, Ш. Шоҳин - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ Ишкошим - Мурғоб хатари лағзиши тарма ва сангу рег боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд!

Ҳангоми гузар аз кӯчаҳо аз яхи зери пову аз шӯшаҳои овезони бомҳо худро эҳтиёт кунанд. 

КҲФ аз хадамоти комуналӣ ва соҳибони хонаҳо хоҳиш мекунад сари вақт барои аз барф тоза кардани бому девори хонаҳои худ чораҳо андешанд. 

КҲФ ҳамчунин огоҳ мекунад, ки вақти истифода аз асбобҳои барқии гармкунандаи хонаҳо ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Бухориҳои худро, ки бо ҳезуму ангишт гарм мекунед, назорат кунед, сари вақт дудбарои онҳоро тоза кунед. 

Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:

 

Навбатдори масъул дар Кумита: 112, 221-91-19, 223-13-11, 93 880 28 19.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе: 225-44-62, 225-44-76

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

- (83139) 2-60-74;

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

- (83222) 2-35-05, 2-78-28;

Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:

- (83322)   21656, 21657

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

- (83522) 2-40-57, 22744; 

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

- (83422)  51555, 57995