Соли гузашта дар Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода сабт шудааст (ВИДЕО)

Соли 2022 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи (соли 2021 – 359) табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз он 46 ҳодиса ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва аҳолӣ зарар расонид. Бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар (соли 2021 низ 8 нафар) шаҳрвандони кишварҳо ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ҷонишини  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигрони изҳор дошт.

Имомалӣ Иброҳимзода ҳамчунин гуфт, ки сарфи назар аз он ки рейдҳо муттасил гузаронида мешаванд, аз ҷониби кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ мешаванд, аз тариқи радио ва телевизион ва дигар расонаҳои хабарӣ муроҷиатҳо пахш мегарданд, мутаассифона, ҳамоно дар иншоотҳои обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.  Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дарёҳо ва кӯлҳо 160 (соли 2021 – 159) нафар ҷони худро аз даст доданд. 11 нафари онҳо то 4-сола, 25 нафар аз 5 то 10-сола, 44 нафар аз 11 то 16-сола, 49 нафар аз 17 то 35-сола ва 29 нафар аз 35-сола боло буданд.  

Соли гузашта тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода зарфи шаш моҳи соли 2022 кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ ин чорабиниҳоро роҳандозӣ намуданд: 38 омӯзиши маҷмӯии мудофиаи гражданӣ, 107 машқи фармондеҳӣ-ситодӣ, 128 тамрини тактикии махсус оид ба мудофиаи гражданӣ, 342 омӯзишҳо ва тамринҳои мудофиаи гражданӣ ва 199 чорабиниҳои пешгирикунанда дар муассисаҳои таълимӣ бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ.

Ҷонишин Раиси КҲФ гуфт, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот мебошад. Дар соли 2022 наҷотдиҳандагони Кумита дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ширкат карданд ва ҳамчунин корҳои садамавиву наҷот гузарониданд.

Чунончӣ, имдодгарони КҲФ  700 (соли 2021 – 758)  баромади фаврӣ анҷом доданд, ки дар натиҷаи он 152 нафар наҷот дода шуданд.   

Имомалӣ Иброҳимзода дар бахши дигари суҳбаташ бо хабарнигрон аз ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳарф зад ва иброз дошт, ки Кумита мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои шарик, намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва амалӣ меандешад.

Соли гузашта роҳбарияти Кумита 43 вохӯрӣ (дар соли 2021 – 43 вохӯрӣ) бо роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир намуда, дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз сиёсати кадрӣ дар КҲФ сухан ронда, ҷонишини  Раиси КҲФ хабар дод, ки бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси онҳо соли 2022 248 нафар хидматчиёни ҳарбии Кумита дар 65 конфронс, семинарҳо, давраҳои омӯзишӣ ва тамринҳо ширкат намуданд.

Соли 2022 дар Академияи ҳифзи граждании ВҲФ ФР дар самти “Бехатарии техносферӣ” (ихтисоси “Ҳимоя дар ҳолатҳои фавқулода”) се нафар аз ҷумлаи шаҳрвандони кишвари мо дохил шуданд. Дар айни замон дар ин мактаби олӣ 5 нафар афсарони амалкунандаи Кумита ва 14 нафар курсантон таҳсил мекунанд.

Бо роҳхати Кумита ба факултаи “Пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода”-и Академияи ВКД кишвар 6 нафар курсантони КҲФ таҳсил мекунанд. 

Дар давоми соли 2022 аз ҷониби идораи наҷоти кишвар ҷиҳати инъикоси ҳарду чорабиниҳо оид ба огоҳӣ ва огоҳӣ аз офатҳои табиӣ, тавсияҳо ва чорабиниҳо оид ба таҳкими робита бо ҷомеа корҳои зиёдеро анҷом дод.

Дар тӯли соли 2022 аз ҷониби идораи наҷоти кишвар корҳои зиёде барои аз тариқи воситаҳои ахбор инъикос намудани чорабиниҳои роҳандозишуда дар самти пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва огоҳиҳо аз офатҳои табиии эҳтимолӣ, таҳкими робитаҳо бо ҷомеа анҷом дода шуданд. 

Чунончӣ, соли 2022  Кумита аз тарқи воситаҳои ахбори чопиву электронӣ, шабакаҳои гуногуни радио ва телевизиони ватанию хориҷӣ бештар 5 ҳазор баромад ташкил кардааст.

Дар нашрияҳои чопии кишвар 516 мақола чоп карда, дар сомонаи КҲФ (http://www.khf.tj) бо ду забон бештар аз 1300 хабару гузоришҳо аз фаъолиятҳои Кумита интишор додааст.

Соли 2022 ба ҳисоби миёна моҳе бештар аз 10 ҳазору 500 нафар вориди сомонаи КҲФ шудаанд.   

Нишасти матбуотӣ бо ширкати хабарнигорони ватаниву хориҷӣ имрӯз дар бинои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ баргузор шуд ва дар он Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор А.Маҷидзода, роҳбарони сарраёсат ва раёсатҳои Кумита иштирок намуданд ва ба суолҳои хабарнигрони посух доданд.

барчасп: