Шумори куштагони тарма дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 17 нафар расид

Бино ба  тозатарин хабар ҷасади як духтари ҷавон аз зери тарма дар ноҳияи Шуғнон берун оварда шуд ва бо ин шумори ҳалокшудагон дар лағзиши тарма зарфи рӯзҳои охир ба 17 нафар расид.

13 нафар дар шаҳри Хоруғ ҷони худро аз даст доданд. 2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.

Дар қаламрави ноҳияи Ишкошин ду духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, ҷустуҷӯ мешаванд. 

барчасп: