Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари тарма то 19-уми феврал боқӣ мемонад! ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  аз 17 то 19-уми феврали соли 2023 бар асари ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои намнок аз самти уқёнуси Атлантик ва баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ ва Хазар дар қаламрави мамлакат ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.

Боришоти пуршиддат (барфу борон) аз 17 то 18-уми феврал дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ боқӣ мемонад.

Рӯзҳои 17-19 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Рашт- Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ҷилондӣ, Хоруғ-Рошткалъа, Дарвоз-Хоруғ ва Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тарма таҳдид мекунад. Омадани сел бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад ва аз онҳо бо эҳтиром хоҳиш менамояд дар чунин рӯзҳо аз шикору моҳидорӣ ва корҳои дигаре, ки вобаста ба кӯҳу даман, соҳили рӯдхонаҳо мебошад, худдорӣ кунанд.