Заминларзаи нав дар Туркия 3 танро ҳалок кард ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ гардиданд

Бар асари заминларзаи нав дар Туркия 3 нафар ҳалок ва 213 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Ин зилзила рӯзи душанбе рух дод ва вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу аз сокинон хост ба биноҳои вайрона ворид нашаванд.

Заминларза боз ҳам дар ҷануби Туркия, дар ҳамон маконе рух дод, ки аввали моҳи феврал боиси ҳалокати ҳазорон нафар шуда буд. Замин ин бор ду маротиба бо қувваи 6,4 ва 5,9 балл такон хӯрд. 

Бино ба гузориши вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия заминларзаи аввал соати 20:04 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух дод ва баъди он замин бо қувваи бештар дубора такон хӯрд. 

Як созмони кумакҳои башрӣ дар Сурия аз маҷрӯҳ гардидани беш аз 130 нафар дар заминларзаи нав хабар дод. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки бештар биноҳое, ки дар заминларзаҳои қаблӣ хароб шуда буданд, фурӯ рафтанд. 

Хабаргузории Рейтер аз қавли шоҳидон иттилоъ додааст, ки дар шаҳри Антокия воқеъ дар вилояти Ҳотой аксари биноҳои нимавайронаи заминларзаҳои оғози моҳи феврал дубора зарар диданд. Бино ба оморҳои расмӣ дар зилзилаи 6-уми феврали соли равон дар Туркия беш аз 44 ҳаҳор нафар ба ҳалокат расиданд.

Аз 6-уми феврал то ба имрӯз мақомоти Туркия беш 6 ҳазор пасзаминларзаро бо қувваи гуногун ба қайд гирифтаанд.

То ба ин соатҳо дар бораи харобиҳои заминларзаи нав ва маҷрӯҳону куштагони он маълумоти дақиқи расмӣ интишор нашудааст. 

Ахиран кишвардори Ҳотой хабар дод, ки баъзе одамоне, ки наздик ба вайронаҳо зиндагӣ мекарданд, ба маконҳои дигар интиқол дода шуданд. 

Аз заминларзаи нав дар ҷануби Туркия замоне хабар дода мешавад, ки дирӯз Президенти ин кишвар Раҷаб Тайип Эрдуғон аз вилоти Ҳотай дидан мекард ва дар ҷараёни ин диду боздид ва шиносоӣ бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои зилзила бо наҷотдидаҳндагони Тоҷикистон низ дидор ва мулоқоткарда буд.

 

ФАВРӢ: Президенти Туркия дар вилояти Ҳотой бо имдодгарони Тоҷикистон мулоқот кард (ВИДЕО)

барчасп: