Маълумот оид ба вазъ дар кишвар дар 20 феврали соли 2023

Маълумот оид ба вазъ дар кишвар

20-уми фепврали соли 2023 дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои лағзиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шуданд. Ин ҳодисаҳои талафоти ҷонӣ ва дигар харобӣ надоштанд.

ВМКБ

20 – уми феврали соли 2023 соати 10:20 дар километри 20-уми роҳи мошингарди Хоруғ - Ишкошим, ки аз ҳудуди деҳаи Пишпарин мегузарад, бар асари резиши санг роҳ муваққатан баста шуд. 

Барои бартараф кардани паёмадҳои он кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва техникаи махсус ҷалб карда шуд ва соати 13:15 дақиқа роҳ пурра тоза карда шуда, ба ҳаракати мошинҳо ба ду самт иҷозат дода шуд.   

Соати 15:40 дар километри 549 роҳи мошингарди Душанбе-Рӯшон-Хоруғ дар қаламрави деҳаи Пастхуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд ва ин сабаби баста шудани роҳ гардид. Бо талоши кормандони хадамоти роҳ соали 16:20 дақиқа паёмадҳои тарма бартараф ва роҳ барои ҳаркати мошинҳо боз шуд.

Соати 16:40 дар ҳудуди роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа, ки аз ҳудуди деҳаи Шикуши ноияи Роштақалъа мегузарад, дар натиҷаи омадани ду сели азим роҳ муддате баста шуд. Бо ёрии техникаи махсус роҳ аз селовардаҳо пок шуда, ҳаракати мошинҳо имконпазир гардид.

НТҶ

20 – уми феврали соли 2023 тахминан соати 08:50 дақиқа дар километри 67-уми роҳи мошингарди  Душанбе-Варзоб  тарма омад ва дар натиҷа роҳ баста шуд. Бо ёрии техникаи хадамоти роҳи ширкати IRS роҳ аз ғарафи барф тоза карда шуд ва соати 12:30 дақиқа ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шуд.

Субҳи имрӯз, 21-уми феврал ҳамаи роҳҳои мошингарди кишвар ғайр аз роҳи Рӯшон – Бартанг боз мебошанд. Дар роҳи Рӯшон-Бартанг паёмадҳои тарма барафтараф карда мешаванд.

 

барчасп: