Сипосгузории Вазири мудофиаи миллии Туркия ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистон

21 – уми феврали соли 2023 Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Хулуси Аскар дар ҷараёни сафараш ба вилояти Ҳотой бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.

Дар суҳбат бо ҷонишини Раиси КҲФ, генерал-майор Сулаймон Исозода – роҳбари имдодгарони Тоҷикистон, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита полконик Музаффар Аҳмадзода ба наҷотдиҳандагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумакҳои фавриву дастгириҳо ва наҷоти ҷони одамон аз вайронаҳои заминларза изҳори сипос намуд. 

«Дар ин лаҳзаҳову рӯзҳои мушкил шумо ба кумаки мардуми турк омадед. Мехостам аз номи худ ва аз номи ҳамаи халқҳои Туркия бори дигар барои кори пурзаҳмату талошҳои фаровонатон изҳори миннатдорӣ кунам”, - гуфт ӯ. 

Гуфтанист, ки дирӯз Раҷаб Тайип Эрдуғон-Президенти Ҷумҳуроии Туркия дар ҷараёни диду боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи вилояти Ҳотой бо имдодгарони тоҷик дидор ва мулоқот кардаву аз кори пусамари онҳо дар рафъи паёмадҳои зилзила ситоиш намуда буд.

ФАВРӢ: ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ ДАР ВИЛОЯТИ ҲОТОЙ БО ИМДОДГАРОНИ ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТ КАРД (ВИДЕО)

барчасп: