Тамрини қаиқронӣ ва намоиши таҷҳизоти наҷот дар Хоруғ

27 сентябри соли 2023 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ намоиши қаиқронӣ байни наҷотдиҳандагон ва кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ВМКБ,  дастаи ихтиёриёни наҷоти Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, инчунин бо иштироки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят баргузор гардид.

Ба ин ҷорабинӣ ҳамчунин аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр низ донишҷӯён даъват карда шуданд.

Наҷотдиҳандагон ба онҳо таҷҳизоти наҷотро нишон доданд, дар бораи таҷҳизот ва техникаи муосири наҷот маълумот доданд.