Корҳои анҷомдодашудаи рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар шабонарӯзи гузашта

Дар 24 соати охир дар саросари ҷумҳурӣ корҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин чораҳои пешгирии рух додани ҳодисаҳои эҳтимолии табиӣ идома ёфт.

Вилояти Хатлон

12 майи соли 2024 дар ҳудуди деҳаҳои Кӯчабоғ ва Хоҷаи Шоми ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов соҳили дарёи Ёхсу бо истифода аз 6 техникаи махсус дар соҳили дарё корҳои рехтани сангу шағал, 140 метр корҳои заминканй, 140 метр кабел кашидан ва 26 кубикаи оҳану бетонй ба охир расонда шуд. Дар ноҳияи Фархор, ҳамон қаламраве, ки дарёи Ёхсу мегузарад 308 адад деворҳои оҳану бетонӣ гузошта шуданд.  Корҳо дар ин самт идома доранд.

10 майи соли равон тахминан соати 14:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои 234, 267, 274, 274,5, 276 ва 286,5 роҳи мошингарди Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз 17 ҳодисаи ярч ва резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Бо мақсади бартараф намудани паёмадҳои ин офат қувваву воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулода сафарбар карда шуд ва ин амалиёти поксозиро роҳбари Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия сарварӣ мекард. 

Бо ёрии 1 адад техникаи муҳандисӣ соати 19:00 ин қисмати роҳ аз ҳар гуна сангу регу шағал ва лою лойқа тоза карда шуд. Бо мақсади пурра рафъ намудани оқибатҳои офат 12 май бо истифода аз 5 техникаи махсус корҳои поксозӣ идома ёфтанд. 

Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ. Ноҳияи Рӯдакӣ

12 майи соли 2024 кормандони Кумита аз минтақаҳои хатарноки ноҳияи Рӯдакӣ дидан карданд. Маълум шуд, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел дар деҳаи Кишоварз, каналҳои Кӯктоши боло ва Куктоши Поён, ки аз ҳудуди деҳаҳои Тоҷикобод, Садоқат ва Гулободи ҷамоати деҳоти Зайнабобод мегузарад, дар масофаи 750 метр аз сангу шағалу лойоба пур шудааст.   Кормандони КҲФ ҷиҳати анҷом додани корҳои тоза кардани каналу ҷӯйборҳои деҳаҳои номбурда бо раисони ҷамоату маҳаллаҳо вохӯрӣ доир намуда, дар он оид ба гузаронидани ҳашар ҷиҳати тоза кардани каналу селроҳаҳо ва ҷӯйборҳо аз сангҳои шағал тавсияҳо доданд.

Ноҳияи Варзоб

12 майи соли 2024 дар ҳудуди деҳаҳои Мехробод 1 ва 2, Чорводор ва Косатароси ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва Лучоби ноҳияи Варзоб корҳои зерин анҷом дода шуданд:

Дар ҳудуди деҳаи Меҳробод-1-и ҷамоати деҳоти Чорбоғ, дар соҳили дарёи Лучоб 14 метри мураббаъ сим кашида шуда, корҳои ҷамъоварии санг барои ҳифзи соҳил идома дорад.

Дар доираи корҳои барқарорсозии садди ҳимоявии дарёи Лучоб дар деҳаи Меҳробод-2 бо истифода аз 2 адад техникаи муҳандисӣ ва 6 адад нақлиёти боркаш дар ду минтақаи осебпазир корҳои кашонидани сангҳои калон ва гузоштани онҳо анҷом дода шуд. Барои мустаҳкам намудани таҳкурсии пул низ ба масофаи 8 метр сим кашида шуд. Корҳои ҳифзи соҳили дарёи Лучоб, ки аз ҳудуди деҳаҳои Дара, Харангони боло, Бувак ва Харангони миёнаи ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ мегузарад, бо ёрии техникаи махсус идома дорад.

Ваҳдат

Бар асари боришоти зиёди рӯзи 12-уми майи соли ҷорӣ об аз соҳиҳои дарёи Симиганҷ хориҷ шуда, масофаи 50 метр соҳилро шуста ҳудудан 500 метр роҳи байни деҳаҳоро хароб кардааст. Барои рафъи оқибатҳои офати табий соҳили дар натиҷаи сел зарардида бо ёрии техникаи муҳандисӣ корҳҳои зиёд анҷом дода шуданд. Дар ҳудуди деҳаи Чуянгарон пули мошингузар дар шоҳроҳи Ваҳдат-Ромит барқарор карда шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳо дар ҷамоати деҳоти осебдидаи шаҳри Ваҳдат идома доранд. 

барчасп: