КҲФ: Ду рӯзи оянда хатари омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 25-27 майи соли 2024 дар аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сабаби бориши боронҳои пуршиддат хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Ҳмчунин рӯзҳои 25-26 майи соли 2024 болоравии сатҳи оби дарёҳои  Заравшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд,  (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) эҳтимол дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандони  хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо соҳили обҳо моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд. 

Аз сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳи хоҳиш мешавад аз рафтан ба доманакӯҳҳои ба хотири ҷамъоварии гиёҳони дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд. 

Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаву ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт хоҳиш карда мешавад сокинон аз қабл селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйҳоро аз ҳар гуна хасу хасрубаву сангу шағал тоза кунанд.

барчасп: