Раёсати Душанбе низ ним соли фаъолияти худро ҷамъбаст кард

4-уми июли соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок муовини аввали Раиси Кумита полковник Х. Латифзода ҷаласаи таҳлили фаъолияти шашмоҳаи Раёсат баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ҳисоботи роҳбарони шуъбаҳои Раёсат шунида шуданд. Дар ин ҳисоботҳо бештар сухан аз корҳои анҷомшуда дар ин шаш моҳи охир сухан мерафт. 

Дар поёни ҷаласа самтҳои асосии фаъолияти Раёсат дар нимсолаи дуюми соли 2022 муайян карда шуданд, ки аз инҳо иборат мебошанд: 

- ташкил ва баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда бо мақсади коҳиши хатари офатҳо, роҳ надодан ба ҳалокати одамон ва захмиву маҷруҳ шудани онҳо;

- назорати роҳандозии корҳои соҳилбандӣ;

- баланд бардоштани сифати омодагиҳои касбии кормандони раёсат;

- таҳкими корҳои пешгирӣ дар мавсими оббозӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ.