Covid-19: "Омикрон" Аврупоро моҳи январ фаро мегирад. Олимон мегӯянд аломатҳои Омикрон дигаранд

Тибқи охирин хабарҳо таҳлилгарон бонги изтироб мезананд, ки моҳи январи соли оянда гунаи нави коронавирус Омикрон Аврупоро фаро мегирад. Ҳамзамон бо ин ширкати дорусозии Pfizer аз асарбахшии доруи нав зидди коронавирус хабар дод. Аз Аврупо боз гузориш расидааст, ки кишварҳо башиддат пайи эмкунии кӯдакон зидди коронавирус мебошанд.

ДАҲШАТ ДАР ЗЕРИ ОБ. МЕДУЗАҲО. Заҳри як намуди он метавонад 60 нафарро кушад

Медузаҳо (юнонии μέδουσα) дар забони илмии тоҷикӣ бо ҳамин ном ёд мешаванд, вале дар забон форсӣ онро “арӯси дарёӣ” тарҷума кардаанд. Аз ҷумлаи бемуҳраҳо буда, дар шохаи марҷониён табақабандӣ мешавад. Ин мавҷудот қодир аст дар баҳру уқёнусҳо шино кунад. Аз қадимитарин мавҷудоти обӣ аст, ки ба гуфтаи олимон аз 650 миллион сол пеш ба инҷониб вуҷуд доранд.

КҲФ: Аз туман эҳтиёт кунед!

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 17-18 декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман дар назар дошта шудааст. Дар ҳамин иртибо КҲФ ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохӯш тавсия медиҳад: Дар туман маъмулан ҳавои торик боиси коҳиши биниш мешавад, ҳаракати нақлиётро мушкил мекунад, эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нақлиётиро зиёд мекунад, садамаҳо эҳтимолан бештар рух медиҳанд. 

Ширкати Раиси КҲФ дар кори Конфронси Осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021(ACDR-2021)

14 декабри соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия дар низоми онлайн дар кори Конфронси Осиёии коҳиши хатари  офатҳои табиӣ дар соли 2021(ACDR-2021) ширкат мекунад. Ҳамраиси ин конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин Конфронс қарор аст то 16-уми декабр идома кунад ва аз маросими ифтитоҳ,

Ҳушдор барои истифода аз маводҳои тарфгарӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як гузориш дар сомонаи худ ба истифодабарандагони  маводҳои тарфгарӣ ҳушдор дод, ки ин гуна кирдорҳо ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ доранд. Дар ин гузориш омадааст, ки бо назардошти хавфнокӣ ва оқибатҳои нохуш, чун оташангезӣ ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан дар Тоҷикистон муомилоти маводи тарфгарӣ манъ карда шуда, ҳамагуна кирдори алоқаманд

Страницы