Хадамоти иктишофии ИМА мегӯяд сарчашмаи пайдоиши коронавирус чун муаммо боқӣ мемонад
Чоп шуд: 01/11/2021 | redaktor
Хадамоти махсуси ИМА ахиран изҳор дошт, ки эҳтимолан дигар манбаъи аввалини зуҳури коронавирус Covid-19 ошкор нашавад, аммо андешаи он ки ин вирус махсус чун як силоҳи биологӣ сохта шуда буд, боқӣ мемонад.
Хадамоти милии иктишофии Амрико, ки ҳоло сарварии онро Эврил Ҳэйнс ба уҳда дорад, таҳрири нави таҳлилҳо дар мавриди сарчашмаҳои коронавирусро интишор дод.