Тармаи соли 2022. Роҳҳои пурхатар. Ҳушдорҳои пайваста. Барфу борон ҳамоно ба шиддат меборад
Чоп шуд: 18/01/2022 | admin
Зимстони имсол ҳам чун солиёни пеш барои минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва роҳҳои мошингузари кӯҳӣ вазнин омад. То ба имрӯз даҳҳо ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд ва шумори он ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Рӯзи 16-уми январи соли равон билохира тарма бузургтарин шоҳроҳи кишвар роҳи Душанбе-Хуҷандро муваққатан баст. Садҳо мошин аз ду ҷониб аз сафар бозмонданд.





