Семинар-машварат бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Санаи 15 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита генерал-майор Латифзода Ҳ. бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зидди корупсионии ҳайати шахсӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор гардид.

Дар семинар-машварати мазкур, намояндаи Агентӣ сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсия подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким иштирок ва дар мавзуи “Моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”. Ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта ва методологияи хавҳои коррупсионӣ” суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми семинар, бо ҳозирин дар мавзуи болозикр мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳайати шахсӣ аз ин вохӯрӣ таассуроти хуб бардошта, сатҳи маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии худро тақвият доданд.

 

 

барчасп: