Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармии ҳаво ва гарду ғубор дар чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 15 то 17-уми майи соли ҷорӣ дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд дамои ҳаво  аз 34+39º то 37+42º гарм мешавад. Манбаъ гуфтааст, ки барои моҳи май ин гуна болоравии дамо ғайримуқаррарӣ аст ва пеш иттифоқ науфтода буд.

 Илова бар ин, рӯзҳои 17 – 19-уми май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон  бо сабаби воридшавии тӯфони гарду ғубор аз манотиқи ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб сатҳи олудагии ҳаво баланд мешавад.

 Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин рӯзҳо сайругашти рӯзонаро камтар кунанд, бахусус аз соати 11:00 то 16:00 бе зарурат аз хона ё коргоҳ берун нашаванд.

Нӯшидани оби зиёду афшурдааи меваҳо тавсия дода мешавад.

Одамони гирифтори бемориҳои дилу раг ва фишорбаландӣ, диебети қанд миқдори доруи кофиро дар ихтиёр дошта бошанд. 

Волидон бояд ба кӯдакон аҳаммияти бештар диҳанд. Онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоранд.

барчасп: