Як ҷавони 22-сола, истиқоматкунандаи муваққатӣ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо сабабҳои номаълум дар оби рӯди Душанбе ғарқ шудааст.
Ин ҳодиса рӯзи 12-уми моҳи майи соли ҷорӣ иттифоқ уфтодааст ва сокинони ҷасади ӯро дар мавзеи пули собиқ бозори Султони Кабир дида, ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додаанд.
Соати 16:24 дақиқа имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд ва онҳо ҷасадро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Бино ба маълумоти бадастомада марҳум дар асл сокини ҷамоати деҳоти Баланди ноҳияи Муъминобод буда, муваққатан дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, бинои 148, хонаи 17 зиндагӣ мекардааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ғарқ шудани ӯро тафтиш мекнуанд.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 12-уми майи соли 2025, соати 19:15 дақиқа духтари 18-сола, истқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12, бинои 14, ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар рӯди Сир ғарқ шудааст.
Хушбахтона, имдодгарони Раёсати КҲФ сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ин духтари ҷавонро наҷот доданд.