Ширинтарин ва шевотарин забон...Рӯзи забон муборак!
Чоп шуд: 05/10/2020 | adminМувофиқи тадқиқоти рўзномаи бритонии Independent дар рўйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рўйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тўли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн