Остонаи мавсими оббозиву шиноварӣ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Тобистони гарм ҳам фаро расид. Замони фароғату истироҳат, моҳҳои рухсатиҳои меҳнатӣ. Ва дар шароити кунунӣ аксари мардум талош мекунанд истироҳати худро дар соҳили обҳо гузаронанд. Табиист, ки ҳадаф ба ҷуз истироҳат шиноварӣ низ мебошад.  Вале ин фасли гарм ва ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабар. Мо ҳар сол шоҳиди марги одамони зиёде дар обҳо...

Ситоди ҷумҳуриявӣ: Ниқоб пӯшед, фосилаи байни якдигарро риоя кунед!

Бинобар дар аксар кишварҳо сар задани мавҷи дубораи хурӯҷи бемории коронавирус имрӯз, 4 июн,  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад,  ба  аҳолии  кишвар бо чунин мазмун  расман муроҷиат намуд. Дар муроҷиатнома  чунин омадааст:

Чаро вирусҳо бештар аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд?

Дар ҳоле, ки олам дар мубориза бо КОВИД-19 дасту панҷа нарм мекунад, донишмандонро ин суол машғул дошта, ки чаро тайи чанд соли охир вирусҳои кушандаву маргбор аз ҳайвонот ба инсон сироят мешаванд? Ахиран ВВС таҳлиле интишор дод, ки бо каме ихтисор онро чоп мекунем.

Дар ҳоле ки тағйироти иқлимӣ ва ҷаҳонӣ шудани...

Тозахабори ин соат: Ғарқшудагони номурод

Боз ду марг, марги ду ҷавонмард. Яке 23-сола ва дуюмӣ 18-сола. Ду нафаре, ки мехостанд рӯзи гармро дар соҳили дарё пушти сар кунанд, ду нафаре, ки шояд шиновар набуданд, вале рӯ ба оби пуртуғён оварданд. Яке дар Вахши пуртуғён ғарқ шуд ва дигар дар канали калони Ҳисор. Ду ҷавоне, ки аз сад гули орзу як гул ҳасм начида буданд. Ду ҷавоне, ки акнун орзуҳои ширини худро ба хок бурданд. Халқ мақоле дорад: “Эҳтиёт...

56 дарсад мубталоёни коронавирус муолиҷа шудаанд. Истеҳсоли нӯшдоруи “Антиковид-19” оғоз шудааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то соати 17:30-и  3 июн  дар  кишвар 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус COVID-19 ошкор гардида, 56 дарсади онҳо (2347 нафар) шифо ёфтанд. Шумораи фавтидагон имрӯз 48 нафар эълон шуд.  Манбаъ ҳамчуни н гуфт, ки то кунун 1463 нафар таҳти назорати духтурон қарор доранд ва дар шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода

Страницы