Пирӯзии навбатии волейболбозони Кумита ба ҳисоби 2:1!

Бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш ва ҳаёти солим, сулҳу субот дар ҷомеа, устувор мондани дӯстию бародарӣ ва рафоқат байни кормандони вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ибтикори  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҳар гуна бозиҳои варзишӣ идома дорад.

Чунончӣ, 2 – уми апрели соли 2021 дар толори варзиши Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 мусобиқаи волейбол баргузор гардид. 

Дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастаи волейболбозони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувва озмуд.

Ин бозӣ хеле шавқовру диданӣ гузашт.

Тими КҲФ ба ҳисоби 2:1 бар тими Кумитаи ҷавонон пирӯз шуд.

Варзишкорони худро муборакбод мекунем!

Гуфтанист, ки охири моҳи феврали соли равон дастаи волейболбозони Кумитаи давтаи варзишгарони Кумитаи давлатии телевизион ва радиоро ба ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд.  Пирӯзии дастаи волейболи КҲФ бар дастаи Кумитаи радио ва телевизион

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: