Хатаре, ки аз гармиҳои баъди барфу ях меояд. Эҳтиёт кунед!

Нимаи дуюми имрӯз дар қаламрави кишвар гарм шудани ҳаво дар назар аст ва бино ба гузориши Агентии ҳавошиносӣ гармии ҳаво болотар аз 5 дараҷа хоҳад буд.  Бо вуҷуди ин, сардиҳои гузашта то ҳол асароти худро нигоҳ медорад ва яке аз он шушаҳои овезони ях дар боми хонаҳост. Ҷароҳатҳо аз афтиши ин шушаҳо, ки баъзан ба сари одамон мезананд, дар ҷадвали хатарҳои зимистонӣ дар ҷойи чоруманд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин замина барои сокинон ва меҳмонони кишвар баъзе тавсияҳоро ироа мекунад. Ба назар гирифтани онҳо бешак таъмини амнияту бехатарист:

  • зери шушаҳои овезон қарор нагиред, бахусус ба бачаҳо диққат диҳед;
  • то имкон доред, қоши иморатҳоро аз яхҳои овезон пок кунед;  
  • агар зарурати гузаштан аз зери қоши иморатҳои бо якҳои овезон пӯшида пеш омад, пас бе ягон ист хеле басуръат аз он убур кунед;
  • дар ҳоли дидани шушаҳои овезони ях дар боми хонаҳо зарур аст ба хадамоти хизматрасонӣ хабар диҳед. Кормандони хизмати комуналӣ вазифадоранд ба хабари шумо вокуниш нишон диҳанд.
  • Боя донист, ки маъмулан шушаҳои ях дар новадонҳо ба вуҷуд меоянд, аз ин рӯ зери намои иморатҳо хатарнок мешаванд. Лозим аст вақти гузор дур аз онҳо гузашт.
  • Хеле бояд эҳтиёткор буд ва то ҳадди имкон кӯшиш кард, ки ба деворҳои биноҳо наздик нашавед. Агар вақти гузаштан аз роҳ аз боло садои шубҳаомезеро шунидед, наистед, саротонро боло накунед, балки ба зудӣ аз он он гузаред ва худро ба зери девор кашед. Эҳтимолан ин лағзиши барфтӯда аст ва ё пораи азими ях.

Агар ҳодисаеро бубинед, ки бар асари лағзиши яху барф ба вуҷуд омадаасту хатар дорад, ба КҲФ хабар диҳед.