Кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби шаҳодатномаҳои хатми давраи омӯзишӣ шуданд

11 декабри соли 2020 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии дуҳафтаинаи кормандони тиб ва равоншиносони Кумита ҷамъбаст шуд.

Дар маросими анҷоми давраи омӯзишӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, менеҷерони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Антони Мисс ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Станиро Франческо ширкат варзиданд.

Дар суханронии худ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба созмондеҳандагони давраи омӯзишӣ ва мураббиёне, ки таҷрибаи худро ба мутахассисони ҷавони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда меомӯзонанд, изҳори сипос кард. Вай инчунин ибрози умедворӣ намуд, ки малакаҳои ҳосилшуда самараи амалиёти наҷотро дар оянда боз ҳам афзоиш хоҳанд дод.

Ба иштирокчиёни тренинг шаҳодатномаҳо супорида шуданд.

барчасп: