Баррасии масъалаҳои таҳкими чораҳои зиддиэпидемикӣ дар Гулистон

Бо мақсади таҳкими чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус СОVID-19 бо иштироки роҳбарон ва масъулинии муассисаҳои таълимӣ дар мактаб-гимназияи №1 ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Гулистони вилояти Суғд семинари машваратӣ баргузор гардид.  Саймустафо Нуров, афсари бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳр доир ба мавзӯъҳои "Shakeout-Калонтарин тамрини ҷаҳонӣ оид ба заминҷунбӣ” ва “Қоидаҳои зиддисӯхтор дар иншоотҳои соҳаи маориф” суханронӣ кард.

Инчунин дар ин ҳамоиш ба ширкаткунандагон оид ба хатарҳои заминҷунбӣ, расонидани ёрии аввали то тиббӣ ба зарардидагон, худнаҷотдиҳӣ ва наҷот додани атрофиён, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор дар иншооту муассисаҳо видео-ролик ва слайдҳо  намоиш дода шуд.

Намояндаи Муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр духтури шуъбаи гигиенаи кӯдакон ва наврасон Тӯтинисо Эшонова дар мавзӯи “Хавфи сироятёбии худро аз бемории COVID-19 кам кунед” суханронӣ намуд.

Дар поёни нишаст бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба муассисаҳои таълимии шаҳр оид ба мавзӯъҳои зикршуда аёниятҳо, аз қабили шиору овезаҳо, китобчаҳо, ки аз ҷониби бахши Агентии Оғохон оид ба Макони зист ва намояндагии ташкилотҳои умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва таҳия гардидаанд, инчунин  ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва тавсияномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  бо ЮНИСЕФ чоп карда шуданд, тақсим карда шуд.