Covid-19: Шумори мубталоён аз 44 миллион гузашт. Теъдоди давлатҳое, ки беш аз як миллион сироятшуда ба КОВИД-19 доранд, ба 8 расид

Шумори гиифторон ба Covid-19 дар олам аз 44 миллион ҳам гузашт (44 264 425) ва теъдоди фавтидагон субҳи имрӯз 1 миллиону 171 ҳазору 680 нафар эълон шуд. Гуфта мешавад, ки аз ин вирус то ба ин дам 32 миллиону 453 ҳазору 839 нафар пурра муолиҷа шудаанд.  Ҳамчунин шумори кишварҳое, ки беш аз як миллион мубтало ба коронавирус доранд, ба 8 расид. Ахиран Фаронса, Испания ва Колумбия ба ин рӯйхат шомил шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки то кунун аз коронавирус дар кишвар 10009 (92,1%) нафар муолиҷа шудаву 81 нафар фавтидаанд. Ин манбаъ гуфт, ки шабонарӯзи гузашта  41 сироятшудаи навро ба қайд гирифтаву шумори умумии мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 10860  расидааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки аз ҳама бештар сироятшудагон ба вируси корона доранд,  ИМА, Ҳинд, Фаронса, Бразилия, Британияи Кабир, Италия, Русия, Аргентина, Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон шомиланд. 

Дар Ҷопон зарфи як шабонарӯзи сипаришуда 644 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд. 

Як таҳқиқот нишон додааст, ки антитела ба коронавирус аз чаҳор як ҳиссаи сироятшудагон ба ин вирус дар муддати се моҳ гум мешавад. Дар ин бора натиҷаи як пажӯҳиши Империал коллеҷи Лондон шаҳодат медиҳад. Донишмандон баъди муоина ва назорати беш аз 350 ҳазор британиёиҳои мутбалошуда ба коронавирус аз моҳи июн то сентябр ба хулосае расидаанд, ки ин одамон эҳтимол дорад дубора ба  ин вирус сироят шаванд. Онҳо мегӯянд моҳи июн ва аввали июли соли ҷорӣ тахминан 60 нафар аз ҳар ҳазор нафари ташхисшуда антитела доштанд, аммо моҳи сентябр ин рақам то ба 44 нафра коҳиш ёфт. 

Созмонҳои ёрии башарӣ мегӯянд вазъи сироят ба КОВИД-19 дар шаҳри Идлиби Сурия хеле хатарноку фоҷиеабор аст. Зарфи як моҳи охир шумори мубталоён дар ин шаҳр 10 баробар афзудааст.

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Русия 16 550 нафар мубталоёни нав ба КОВИД-19 сабт шудааст. Ин кишвар аз марги боз 320 нафар аз ин беморӣ хабар дод.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон, ки мусофиронро бе маълумотнома дар бораи коронавирус савор мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд. Аз 27 октябри соли равон ҳамаи мусофироне, ки ба Қазокистон меоянд, бояд маълумотнома дар бораи сироят нашудан ба коронавирус дошта бошад. 

Дар Қирғизистон 568 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст.

Шумори қурбониёни КОВИД-19 дар Ӯзӣекистон ба 556 нафар расидааст.