COVID-19: Ошкор шудани 44 сироятшудаи нав. Шифоёфтагон 6276 ва фавтидагон 61 нафар

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст ва шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7495  нафар расидааст.

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки то рӯзи  2 август  дар мамлакат  6276 (83,7%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61 нафар фавтидаанд.

Дар идомаи хабар омадааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.