Нигарониҳои сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз тақсими ноодилонаи воксанҳо дар олам

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус мегӯяд шумори воксаншудагон аз теъдоди сироятёфтагон ба вируси корона зиёд шуд. Ҳамзамон вай гуфт, ки аз чор се ҳиссаи эмшудагон дар 10 кишвари сарватманди олам зиндагонӣ мекунанд.  Маркази хабарҳои Созмони Милали Муттаҳид бо пахши ин хабар ин суханони Тедрос Гебрейесусро иқтибос овардааст: “Дар баъзе кишварҳо аллакай қисмати бештари сокиноне эм шудаанд, ки ба онҳо хавфи бемории вазнин ё марг аз он таҳдид намекунад. Ҳар кишваре вазифадор аст сокинони худро ҳифозат кунад. Аммо вақте мамолике, ки дорои воксан мебошанд ва кормандони тиббӣ, солмандон ва гурӯҳи наздик ба хатарро эм мекунанд, барои ҳимоя аз коронавирус бояд, ки онро ба дигарон низ қисмат кунанд, то кишварҳои дигар низ аз ин гуна имкониятҳо бархурдор бошанд”.

Ҷаноби Тедрос Гебрейесус ҳам чунин гуфт, ки ҳар қадар мо эмкунии гурӯҳи хатарро кашол медиҳем, ҳамон андоза ба вирус имкон медиҳем, ки мутатсия шавад ва роҳҳои “фиреби” воксанҳоро пайдо кунад. 

Вай ҳамчунин шарҳ дод: “Ба ибораи дигар агар вирусро дар ҳама ҷо шикаст надиҳем, ба нуқтаи шурӯъ бозхоҳем гашт”.

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз кишварҳои дорои воксан даъват ба амал овард, ки онро бо дигарон қисмат кунанд, то мубориза бо вирус осонтар шавад. 

“Мо бояд истеҳсоли воксанҳоро афзоиш диҳем. Ҳафтаи гузашта ширкати  Sanofi эълон намуд, ки зерсохторҳои худро барои тавлиди воксани Pfizer/BioNTech пешниҳод хоҳад кард. Мо аз дигар ширкатҳо низ даъват мекунем, ки аз ин ташаббусҳо пайравӣ кунанд”, гуфт ҷаноби Тедрос.