COVID-19: Шумори олудашудагон ба вируси корона дар олам аз 106,6 миллион гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 106 миллиону 696 ҳазору 325 нафар ва ҷонбохтагонро 2 миллиону 327 ҳазору 535 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 118 ҳазору 060 нафар мубтало шуданд ва 2 741 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 78 миллиону 531 ҳазору 336 нафар буда, ин шабу рӯз 104 ҳазору 265 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Дар Британияи Кабир барои сокинони воксангирифта “шиносномаи воксаншуда” намедиҳанд.

Дар Олмон ҳаддиақал 14 нафар бошандагони хонаҳои пиронсолон, ки ахиран дуюмин дозаи воксанро ҳам гирифта буданд, ба штамми британиёии коронавирус гирифтор шуданд. 

Вазири фаронсавӣ имкони истифода аз воксани русии зидди COVID-19 – ро барои Аврупо истисно накард. Вай мегӯяд гуногунрангии воксанҳо шояд барои штаммҳои мухталифи коронавирус муфид бошанд. 

Дар Италия сагҳо аз бӯй сироятшудагон ба коронавирусро муайян мекунанд. Ин тарҳ дар айни замон тариқи таҷриба истифода мешавад.

Австрия омода аст истеҳсоли воксани русӣ ё чинӣ ё доруи ҳар кишвари дигарро, ки Агентии аврупоии доруворӣ тасдиқ карда бошад, ба роҳ монад.

Ҳукумати Белгия аз коҳиши сироятшудагон хабар дод ва эълон кард, ки тадриҷан  маҳдудиятҳои зиддикоронавиро лағв мекунад.

Маркази миллии тандурустии Маҷористон ба ин натиҷа расид, ки метавон воксани русии "Спутник V" – ро дар мубориза бар зидди коронвирус истифода кард. Дар ин кишвар воксани ширкатҳои  Pfizer-BioNTech, Moderna ва AstraZeneca низ мавриди истифода қарор дорад.

Руминия аввалин миқдори воксани  AstraZeneca аз COVID-19-ро дарёфт кард.

Воксани зидди COVID-19 тавлиди ширкатҳои британиёӣ ва шведии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд метавонад ба муқобили штамми дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ кашфшуда камсамар бошад.

Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1 146 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. 

Қирғизистон аз ифшои 79 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 хабар дод. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар  85 071 нафар олуда ба коронавирус шуданд.

Дар Ӯзбекистон зарфи як шабонарӯзи гузашта 53 нафар ва аз аввали ҳамагирӣ 79 098 нафар ба КОВИД-19 сироят шуданд.