Раёсати Суғд

Ҷаласаҳои солонаи Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд

Тибқи банди 7-и Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражанӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 дар қаламрави вилояти Суғд ҷаласаҳои ҷамъбастии комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуда истодааст.

Ҷаласаи Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) дар раёсати Суғд  

Ҷаласаи Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) дар раёсати Суғд

17 – уми декабри соли 2024 дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи кории Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) -и вилояти Суғд баргузор гардид.

Семинари омӯзишӣ дар Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи Барномаи “Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо” рӯзҳои 12-13-уми декабри соли 2024 дар Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо иштироки 20 (бист) нафар  афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат, сардорону афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Панҷакент, Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Исфара семинари омӯзишӣ баргузор кард.

Оғози давраи омӯзишии нав дар Раёсати Суғд

31 октябри соли 2024 дар асоси Нақшаи дохилиидоравии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, инчунин дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар маркази таълимӣ-методӣ Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Барномаи тайёр кардани хайати ро

Тамрини иншоотӣ дар Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 26 – уми октябри соли 2024 дар заминаи ҶДММ «Хубҷамъ Инвест» машқи иншоотӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва неруҳои ғайриҳарбии корҳона ҳангоми ба амал омадани садамаҳои истеҳсолӣ» ташкил ва гузаронид.

Страницы