Ҷаласаи шашмоҳаи Раёсати КҲФ дар Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти шашмоҳаи худро ҷамъбаст кард. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини Раиси Кумита, полковник С.Исозода иштирок намуд.

Дар ҷаласа шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва сардорони шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо вилоят суханронӣ намуда, оиди иҷроиши қонуну қарорҳои амалкунанда дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мҷроиши нақша чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 ҳисобот доданд.

Дар поёни ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Исозода С. ва роҳбарияти Раёсат барои бартараф намудани камбудиҳои ҷой дошта ва беҳтару хубтар фаъолият намудан дар нуҳмоҳаи соли 2022 дастуру супоришҳо доданд.