Заминларза дар кишвар: Маркази он Афғонистон буд. Дар Хоруғ 2 балл ва дар Душанбе эҳсос нашуд

Бино ба маълумоти Маркази зилзиласанҷии ҷумҳурӣ рӯзи 29-уми июни соли 2022 соати 09:30 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гузориши манбаъ маркази ин заминларза  265 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 133 километр  ҷанубу ғарбиз  шаҳри Хоруғ дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 4 ва дар шаҳри Хоруғ 2 баллро ташкил дод. Ин такони замин дар шаҳри Душанбе эҳсос нашудааст.

Аз талафоти ҷониву хисороти дигар гузориш нарасидааст.

барчасп: