Вохурии судманд дар Суғд

Баҳри таъмини солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии бемории коронавирус бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси СOVID-19 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар рафти машғулият сардори Раёсати тиббии Кумита подполковники хизмати тиббӣ Саъдулло Шарипов ба ҳайати шахсӣ вобаста ба роҳҳои пешгирӣ, андешидани чораҳои саривақтӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштии санитарию гигиенӣ бемории сироятии Коронавирус COVID-19 маъруза намуданд.

Дар рафти суханронӣ қайд карда шуд, ки баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии мазкур дар Раёсат ҳамаи чораҳои беҳдоштӣ андешида шуда, амалӣ гардида истодаанд.

Бо ҳам чораҳои пешгирикунандаро вусъат дода, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии Коронавирус (COVID-19) риояи талаботҳои беҳдоштӣ аз ҷумла, риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ; пӯшидани ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ; риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ, амалӣ карда шаванд.