Мулоқоти Раиси КҲФ бо сарвари Раёсати СММ дар корҳои паноҳандагон дар Тоҷикистон

23 июни соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сарвари Раёсати Комиссариёи олии СММ дар корҳои паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ Сарвари КҲФ аз сатҳи робитаҳои дуҷониба бо сохторҳои дахлдори СММ изҳори қаноатмандӣ кард ва ба муҳим будани истифодаи ҳамаҷонибаву васеъи имкониятҳои ҳамкорӣ дар оянда таъкид намуд. 

Раиси КҲФ ҷаноби Зевдиро дар бораи офатҳои табиии дар кишвар рухдода, корҳои анҷомдода оид ба рафъи оқибатҳои онҳо аз ҷониби кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ба аҳолии зарардида маълумот дод.

Дар ҷараёни суҳбат мавзӯъи вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин робита, масоили баргузории тамринҳо вобаста ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот, масоили марбут ба имзои Нақшаи корӣ байни КҲФ ва Раёсати СММ оид ба гурезагон, хариди маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ барои анборҳо, ки ба қарибӣ дар минтақаҳои наздимарзии вилояти Хатлон ва ВМКБ кушода мешаванд, баррасӣ шуданд.

Инчунин, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак, вокуниш ба офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар самти огоҳ кардани аҳолӣ аз хатар ва таҳдидҳо, инчунин тайёр кардани мутахассисони наҷот ва расонидани кӯмаки техникӣ баррасӣ шуданд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба хулосаи ягонае омаданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳо миёни КҲФ ва Раёсати СММ дар корҳои паноҳандагон имкон медиҳад дар оянда низ муқобили ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ самаранок муқовимат карда шавад.

барчасп: