Хабари такондиҳандаи марги ду нафар дар об. Яке зани баркамолу худкушӣ кард ва дигаре писари 8-сола, ки ғарқ шуд

Дар бораи марги ду нафар дар обҳои кишвар гузориш расид. Бино ба маълумоти сардори Бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор рӯзи 10-уми майи соли ҷорӣ як бонуи 44-сола, сокини деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳия ба қасди худкушӣ худро дар оби дарёи Хингоб сарозер кард. Хешовандонаш гуфтаанд, ки бемории рӯҳӣ дошт. Вале сабаби аслии даст ба ин иқдом задани ӯ маълум нест.

Ҳайати шахсии бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳамроҳ бо сокинон дар ҷустуҷӯи ғарқшуда шуданд ва соати 11:50 дақиқа тахминан 4 км поинтар аз маҳалли ҳодиса ҷасади ӯро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Ҳамчунин рӯзи 10-ми майи соли равон писарбачаи 8-сола, сокини маҳаллаи Муғулони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодиса маълум нест.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот соҳили ин дарёро аз кӯчаи Сабзикори ноҳияи Шоҳмансур то ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ҷустуҷӯ кард, аммо аз ғарқшуда нишоне пайдо нашуд.

Сар аз субҳи имрӯз дастаи махсуси наҷот корҳои ҷустуҷӯро аз сар гирифт.