Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Боронҳои пуршиддат ва селовар то 14-уми май идома мекунанд!

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 14-уми моҳи майи соли равон дар қаламрави кишвар боронҳои шадид идома хоҳанд кард. Дар баъзе минтақаҳо раъду барқ мешавад, жола меборад. Дар натиҷаи ин боришҳо омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ эҳтимол дорад.

Дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара ва рӯдхонаҳое, ки дар водии Ҳисор ҷорианд, сатҳи об боло меравад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна ифлосиҳо ва партовҳо тоза кунанд. Сари роҳи об монеъаҳоро бартараф созанд, то сабаб нагардад ва об ба хонаҳову киштзори мардум надарояд. 

КҲФ ёдовар мешавад, ки сокинон дар чунин рӯзҳо набояд кӯҳгардӣ кунанд, ба ғунучини ҳосили заминҳои кишоварзӣ низ нараванд, гулчинӣ ва ҷамъоварӣ намудани рустаниҳои дорувор ба доманакӯҳҳо нараванд. Ҳамчунин аз чорвочаронӣ, шикор ва моҳидорӣ дар соҳили дарёҳо низ худдорӣ кунанд.

Бештар аз ҳар вақти дигар ба кӯдакон диққат диҳанд, онҳоро ҳаргиз танҳо нагузоранд, доим назорат намоянд. 

барчасп: