Паёмадҳои сели рӯзи 6-уми май дар Ашт бартараф мешаванд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод, ки барои бартараф намудани паёмадҳои сел аз таърихи 6-уми майи соли равон дар ноҳияи Ашт корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:

-дар ҷамоати деҳоти Ашт хатар масоҳати 900 метр селроҳа бо ҷалби 4 адад техника ва истифодаи қуму шағал бартараф карда шуд;

- дар ҷамоати деҳоти Ошоба, деҳаи Ғудос 500 метр роҳҳои маҳаллӣ бо ҷалби 2 адад техникаи боркунаки фронталӣ, 2 адад нақлиёти боркаши Камаз ва 60 нафар аҳолии деҳот бо тариқи ҳашари дастаҷамона барқарор карда шуд.

Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ашт дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, рафти корҳои бартарафсозӣ ва барқарорсозиро назорат мекунад.

Бартараф кардани паёмадҳои сели азим дар ин ноҳия идома доранд.