феврали 2021

Covid-19: Таҳлигарони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иддиои Вашингтон дар мавриди парваришӣ будани вируси коронаро рад карданд

Шумори мубталоён ба вируси корона дар олам ба 107 миллиону 915 ҳазору 640 нафар ва ҷонбохтагон ба 2 миллиону 366 ҳазору 880 нафар арсидааст. Аз ин беморӣ то кунун 80 миллиону 84 ҳазору 169 нафар муолиҷа ёфтанд ва 101 ҳазору 935 нафра дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дафтари матбуотии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ...

Мухтасар аз нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Тӯли бештар аз як соат генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар бораи ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении соли гузашта, амалиётҳои наҷоти дастаҳои имдод, робитаҳои байналмилалӣ, мубориза зидди КОВИД-19 ва дурнамои фаъолияти Кумитаи дар соли 2021 маълумот ва ба...

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 107 ва ҷонбохтагон аз 2,3 миллион гузашт

10 феврали соли 2021 шумори сироятшудагон ба вируси корона дар олам 107 миллиону 464 ҳазору 067 нафар эълон шуд. Аз ин беморӣ аз аввали ҳамагирӣ 2 миллиону 352 ҳазору 846 нафар фавтиданд. Ҳоло дар олам 102 ҳазору 648 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Дар Британияи Кабир боз як штамми нави вируси корона кашф шуд.

Ҳушдор аз болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар рӯзҳои оянда

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои наздик бар асари гармии дамои ҳаво баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз доманакӯҳҳои водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд, инчунин дар дарёи Хингов пешбинӣ мешавад. Хатари лағзиши тарма дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии водии Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад.

COVID-19: Марги беш аз 15 воксангирифтаи солманд дар Нидерландия

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба вируси коронаро дар олам 107 миллиону 007 ҳазору 830 нафар эълон кард. Аз ин вирус то кунун 2 миллиону 336 ҳазору 339 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон ба 79 миллиону 014 ҳазору 692 нафар расид.

Беш аз 55% ҳодисаҳои нав сироятшудаи шабонарӯзи

Шумори заҳролудшудагон аз об дар Буйнакси Доғистон ба 196 нафар расидааст. Аксари онҳо кӯдаконанд

Бино ба иттилои хадамоти тандурустии маҳалӣ аллакай дар муассисаҳои табобатии бачагонаи шаҳр ҷойи холӣ нест. Аксари заҳролудшудагон бачаҳоянд. Сабаби он об нӯшокӣ аз зери кран унвон шудааст ва гуфта мешавад, ки дар ин об вируси исҳоли хунӣ (дизентерия) пайдо кардаанд. Прокуратураи маҳал дар иртибот ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Шаҳрдории Буйнакс гуфтааст, ки қисмати азими ин

Заминларза дар минтақаи Рашт. Талафот нест

Субҳи рӯзи 8 феврали соли 2021, соати 08:33 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистон, минтақаи Рашт, ноҳияи Лахш, замин ларзид.

Тибқи маълумоти дастрасшуда маркази зилзила 252 километраи шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 30 километр аз ноҳияи Лахш дур буда, қувваи он марказаш, деҳаи Чайлгани ҷамоати деҳоти Лахш 3 бал ва дар  маркази ноҳияи  Лахш...

Марги як сенатори амрикоӣ аз коронавирус

Рон Ройт намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА ва узви Палатаи намояндагони Конгресси Амрико аз иёлоти Техас, ки 67 сол дошт, бар асари сироят ба коронавирус аз олам даргузашт. Рон Ройн се ҳафта пеш хабар дода буд, ки олудаи КОВИД-19 шудааст ва ҳоло ба муолиҷа пардохтааст. Рон Ройт мубталои бемории саратон буду солҳо бо ин касалӣ дар мубориза бурд ва билохира аз корона ҷон бохт.

Лағзиши пиряхи азим дар Ҳинд 14 нафарро кушт ва 145 нафарро бенишон кард (ВИДЕО)

Лағжиши як пирях дар иёлоти Уттаракҳанд воқеъ дар шимоли Ҳинд муҷиби ҳалокати 14 нафар ва бенишон шудани 145 нафар шуд. Дар хабаре, ки ахиран пулиси минтақавӣ интишор додааст, омадааст, ки то ин лаҳзаҳо 15 нафар наҷот дода шуданд ва ҷасади 14 танро аз зери тарма берун оварданд.

“Ин ҳодиса хеле зуд рух дод ва ҳатто фурсате...

Нигарониҳои сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз тақсими ноодилонаи воксанҳо дар олам

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус мегӯяд шумори воксаншудагон аз теъдоди сироятёфтагон ба вируси корона зиёд шуд. Ҳамзамон вай гуфт, ки аз чор се ҳиссаи эмшудагон дар 10 кишвари сарватманди олам зиндагонӣ мекунанд.  Маркази хабарҳои Созмони Милали Муттаҳид бо пахши ин хабар ин суханони Тедрос Гебрейесусро иқтибос овардааст: “Дар баъзе кишварҳо аллакай қисмати бештари...

COVID-19: Шумори олудашудагон ба вируси корона дар олам аз 106,6 миллион гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 106 миллиону 696 ҳазору 325 нафар ва ҷонбохтагонро 2 миллиону 327 ҳазору 535 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 118 ҳазору 060 нафар мубтало шуданд ва 2 741 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 78 миллиону 531 ҳазору 336 нафар буда, ин шабу рӯз 104 ҳазору 265 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

ДОНИШ:Тӯфони геомагнитӣ ё хуршедӣ чист?

Тӯфони геомагнитӣ ё тӯфони хуршедӣ як ошуфтагӣ ё худ дарҳаму барҳам шудани майдони геомагнитӣ буда, метавонад аз чанд соат то чанд рӯзро дар бар гирад. Онҳо аз ларзиши мавҷи боди хуршедӣ ва таъсири он ба магнитосфераи Замин ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи таъсири боди хуршедӣ ба магнитосфераи Замин ҷараёни ҳалқавие, ки дар камарбандҳои радиатсионӣ вуҷуд доранд пурзӯр мешавад.

Страницы