Вазорати тандурустӣ мубталоён ба COVID-19 дар кишваро 5900 ва шифоёфтагон 4506 нафар эълон кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки шумори мубталоён ба коронавирус то шоми рӯзи 29 июни соли равон ба 5 ҳазору 900 нафар расид. Дар айни замон 264 нафар зери назорати духтурон қарор доранд ва рӯзи гузашта 58 нафар баъди муолиҷа ба хонаҳояшон ҷавоб шудаанд. Вазорат ҳамчунин хабар додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 51 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ то шоми дирӯз, 29 июн 4506 (76,3)   нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 52 нафар фавтидаанд.

Вазорат дар поёни ин хабар овардааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дар ҳамин ҳол Шукрулло Хайрзода – Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамияти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дошта, имконият медиҳад, ки таъсири манфии буҳрони COVID-19 ба иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум пешгирӣ карда шавад».

Шукрулло Хайрзода, ки ахиран дар хабаргузории “Ховар” суҳбат мекард, иброз доштааст, ки  ҷаҳони муосир  ба  буҳрони шадид ва   бесобиқаи молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бар асари  COVID-19  мувоҷеҳ гардидааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин навъ мушкилиҳо аз тавон ва доираи идораи инсоният берун ҷаста, на танҳо ба ҳаёти инсонҳо, балки ба фаъолият, сатҳу сифати зиндагӣ, руҳу равон ва дар маҷмӯъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ имрӯз ҳеҷ як  давлатро аз равандҳои глобалӣ берун намонда, кулли тағйиротҳои ҷузъию куллӣ ҳамчун таконҳои хос ба иқтисодиёти миллии давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои рӯ ба инкишоф таъсир мерасонанд. Зеро аз оғози соли 2020 бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 маҷмуи иртиботи ҳавоӣ ва заминии байни давлатҳо бо навбат маҳдуд ва ё пурра қатъ гардида, ҳамин тавр гардиши иқтисодиёти ҷаҳон халалдор гашт. Қатъи парвози ҳавопаймоҳо, рукуди соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо  дар кору фаъолияти одамону ширкату корхонаҳо, коҳиши талабот ба молу  хизматрасониҳои муайян, тавсеаи фазои номуайян ва хатарзо боиси он гаштанд, ки нишонаҳои буҳрон ва нуктаҳои заъф дар иқтисодиёти кишварҳо  ба мушоҳида расад.

Вай ҳамчунин гуфтааст: «Тоҷикистон ҳам чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири буҳрони COVID-19 дар канор намонд. Давлату Ҳукумати мо аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси COVID-19 тадбирҳои мушаххас ва муассири пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии онро андешида, бо кишварҳои фарогир робитаҳои худро қатъ ва ё маҳдуд сохт. Дар баробари андешидани чораҳои беҳдоштӣ ва  ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ ва муҳим дониста мешавад».

ХАБАРҲОИ ДИГАР ДАР ИН БОРА

Нигаронии Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши КОВИД-19 дар 11 кишвари Аврупо ва мамолики пасошӯравӣ
COVID-19: Сироятшудагон дар Тоҷикистон 5630 ва дар олам 9 393 450 нафар
Кумаки идораи дипломатии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба ҳамватанон дар аёми коронавирус
Ёддоштҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Япония барои мубориза бо СOVID-19 ба имзо расиданд
Консулгарӣ ва муҳоҷират: Як идораи дипломатӣ чӣ хизмате ба муҳоҷирин дар аёми буҳрони короновирус тавонист анҷом диҳад? Бахши охир