Хабарҳои рӯзи гузашта. Се ғарқшуда дар як рӯз

Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуд.  Вале мутаассифона, боз ҳам аз чанд ҳодисаи нохӯш дар обҳо хабар дода шуд.

Ҳодисаи аввал дар вилояти Хатлон рух додааст. 17-уми июли соли 2022 сардори иншооти гидротехникии канали ПК-354, ки аз рӯди Кофарниҳон сарчашма мегирад ва аз қаламрави ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон убур мекунад, ҷасади шахси ношинос пайдо шуд. Маълум гардид, ки ӯ як сокини 58-солаи ноҳияи Шаҳритӯс буда, бар асари рияо накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.

Ҷасади марҳум барои ташхиси баъдӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

18 июли соли 2022 наздик ба соати 16:30 сокини 23-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шуд. Ба муҷарради дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагон-ғаввосон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ҷасади марҳумро соати 18:10 дақиқа пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд. 

Ҳодисаи сеюм дар қаламрави ноҳияи Рашт рух додааст. 18-уми июл тахминан соати 14:40 дақиқа як сокини 16-солаи деҳаи Яшмии ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт ҳангоми моҳидорӣ дар рӯди Сорбоғ ғарқ шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади писарбача то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале пайдо нашуд. Субҳи имрӯз корҷои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуданд.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳои нохӯш аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми шиноварӣ ва истироҳат дар назди махзанҳои об эҳтиёт кунанд.

Кӯдаконро беназорат нагузоред. Ҳодисаи Рашт, ки хабарашро дар боло хондед, гувоҳи он аст, ки волидон писари ноболиғи худро гузоштаанд, ки ба танҳоӣ моҳидорӣ равад.

Риоя накардани қоидаҳои оббозиву шиноварӣ хатар дорад. Талош кунед дар ҷойҳое, ки иҷозати вуруд ба об дода нашудааст, вориди об нашавед!

 

БА ИН МАТОЛИБ ҲАМ ОШНО ШАВЕД, КИ БЕФОИДА НЕСТ:

барчасп: