Сардори Раёсат подполковник Ғафурзода Аҳлиддин Саидмурод

Раёсати молия ва иқтисоди Кумита яке аз раёсатҳои асосии Кумита ба шумор рафта, низоми ягонаи молиявии давлатиро дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, хароҷоти маблағгузорӣ ва идоракунии молу мулки давлатиро дар Кумита амалӣ месозад. Аз рӯзи ташкилшавии Кумита шуъбаи молия ва тафтишот таъсис дода шуда, соли 1997 ба Раёсати молия  ва тафтишот тағйири ном кардааст. Аз соли 1999 ҳамчун Раёсати молия ва иқтисод номгузорӣ шуда, фаъолият намуда истодааст.

Баъди таҷдиди сохтор, Раёсати молия ва иқтисод аз ду шуъба ва ду бахш иборат аст:

  • - Шуъбаи муҳосиботи марказӣ;
  • - Шуъбаи маъмурӣ ва хоҷагидорӣ;
  • - Бахши нафақа;
  • - Бахши банақшагирӣ.