Сардори Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ–радиометрӣ полковник Стотский Дмитрий Франсевич

Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқлуодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали солҳои 60-уми асри 20 то ҳоло фаъолият намуда истода, дар он вақт ҳамчун Озмоишгоҳи кимиёвӣ-радиатсионии Ситоди мудофиаи граждании РСС Тоҷикистон ба њисоб мерафт.

Баъд аз таъсис ёфтани Кумитаи ҳолатҳои фавқлуодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ ба сохтори  Кумита дохил гардида, дар назди он чораҳои азнавсозӣ барои ҳалли масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда дар даврони осоишта ба вуҷуд омад.

Яке аз масъалаҳои нави Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ ин назорат намудани тартиби нигоҳдорӣ, истифодабарӣ моддаҳои сахтаъсири заҳролудкунанда дар саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар равандҳои технологӣ истифода мешуд, дастрас намудани воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, моддаҳои безараркунӣ дар корхонаҳо буд. Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти Озмоишгоҳ, инчунин васеъ намудани вазифаҳо, ваколатҳо ва ҳуқуқҳо, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547  «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқлуодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сохтори штатии Озмоишгоҳ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд, ки дар доираи он масъалаҳои нав илова гардиданд. Аз ҷумла:

- муайянкунии сатҳи афканишот (радиатсия) дар иншоотҳо, корхонаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ;

- муайян кардани садоҳои акустикӣ дар фазо, иншоотӣо ва хонаҳои истиқоматӣ;

-муайян кардани хусусиятҳои садоногузаронӣ дар биноҳо, корхонаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ;

 -муайян кардани нишондодҳои инсолятсионӣ ва рӯшноии фазои корӣ дар корхонаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ;

-муайян кардани майдони магнитӣ ва электрикӣ;

-муайян кардани нишондодҳои микроклиматӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаҳо;

- гузарониадни таҳлили кимиёвии ҳаво;

-муайянкунии меъёри симоб дар ҳавои истиқоматӣ ва корхонаҳои саноатӣ.