Сардори Беморхонаи ҳарбии КҲФ ва МГ полковник Каримов Асомиддин Сафаралиевич

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017,       №547 беморхонаи ҳарбӣ ва комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ аз ҳайати Раёсати тиббӣ бароварда шуда, ба ҳайати ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита дохил гардид.

Беморхонаи ҳарбӣ маҷмӯи чорабиниҳои тиббӣ ва дигар чорабиниҳои табобатиро, ки баҳри ҳифзи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ, коргарон, хизматчиёни Кумита ва аъзои оилаи онҳо равона гардидааст, масъул мебошад.

Беморхонаи тиббӣ аз шуъбаҳои бемориҳои даруна ва сироятӣ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ, Комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ, шуъбаи поликлиникавӣ, бахшҳои қабулгоҳ, кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва коргузорӣ, бахши молия ва хоҷагидорӣӣ, отделенияи посбонӣ ва шахсони хизматрасони техникӣ ташкил медиҳад.