Идомаи корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел дар ноҳияи Хуросон. Рӯзи 5-уми июн

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 5-ми июни соли ҷорӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои сел дар рустоҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон корҳои зерин анҷом дода шуданд:

-  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ситоди бартарафсозии офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон 1 адад нақлиёти тамғаи Уралро бо ҳама таҷҳизоташ дастрас намуд;

- Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон 2 адад нақлиётҳои хизматӣ ва 10 нафар афсарону прапоршиконро ба Ситоди бартарафкунии офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон сафарбар кард;

-  Раёсати молияи вилояти Хатлон 930 нафар аҳолии зарардида ва сохтмончиёну коргарони ихтиёриро бо гарми нисфирӯзи ва бегоҳирӯзӣ таъмин намуд;

- Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба зарардидагон нон ва ниқоби тиббӣ кӯмак кард;

-  Табибони бемористони марказии ноҳияи Хуросон ва Хадамоти оташнишонӣ бо таҷҳизоти худ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карданд;

-  Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия бо 1 адад грейдер 1 км мавзеи шаҳрчаи хаймавиро ҳамвор намуда, 1 мошини КАМАЗ-ро ба маҳалли осебдида сафарбар кард;

Тамоми мавзеи шаҳрчаи хаймавӣ аз тарафи шабакаи барқи ҷануби ноҳияи Хуросон пурра бо барқ таъмин карда шудааст.