Идомаи корҳои таблиғотӣ барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус

Яке аз роҳҳои асосии коҳиши хатари сироят ба коронавирус КОВИД-19 таҳкими чорабиниҳои пешгирикунанда ва ба мардум равонидани воқеъият дар бораи ин вируси марговар аст. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран миёни ҷамъи омӯзгорон ва дониҷӯёни муассисаҳои таълимоти умумии пойтахт, ноҳияҳои Варзоб ва шаҳри Ваҳдат мулоқотҳо доир карданд, ки дар он техникаи махсуси КҲФ истифода шуд.

Дар ин мулоқотҳо кормандони Кумита бо истифода аз наворҳои видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ як силсила суҳбатҳои муфид ва заруриро ба роҳ монданд. Дар ин наворҳо ва филҳо роҳҳои пешгирӣ аз сироят ба коронавирус амалан нишон дода шудааст ва зимни намоиши онҳо мутахассисон то кадом андоза таъсирбахш будани ин гуна тадбирҳоро ба ҳозирон фаҳмониданд.

Ҳамчунин дар ин дидору мулоқотҳо дар бораи риояи ҷиддии қоидаҳои беҳдошт, доштани ҳатмии ниқоб, шустушӯи ҳамешагии дастҳо ва ғайра нақл карданд. 

Ғайр аз ин дар ҳамаи синфхонаҳо кормандони тибии КҲФ ба хонандагон амалан нишон доданд, ки чӣ гуна бояд аз маводҳои антисептикӣ истифода бурд ва худро саломат нигоҳ дошт.  

Ва дар поёни ин нишастҳо ба ширкаткунандагон варақаҳову китобчаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.

барчасп: