Намояндагони воситаҳои ахбор дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чиро диданд? (ВИДЕО)

12 ноябри соли 2020 наздик ба 20 нафар аз ҷумлаи намояндагони воситаҳои ахбор дар доираи як барномае, ки Созмони ҷамъиятии “Хома” ташкил карда буд, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Барои ироаи иттилои комил дар бораи кори идораи наҷоти кишвар дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ намоиши техника ва таҷҳизоти махсус ташкил карда шуд. 

Ғайр аз ин ҷонишини Раиси КҲФ, полковник М.Салимзода дар ин рӯнамоӣ дар бораи вазифаҳо, сохтор, ҳамкориҳои байналмилалӣ, парки техникӣ ва дурнамои рушди Кумита муфассал нақл намуд. 

Ба ҳайатҳои ВАО имконияту зарфиятҳои КҲФ барои вокуниши саривақтӣ ба хавфҳои эҳтимолии фавқулоддаи табиӣ ва техногениро нишон доданд. Инчунин, ҳайати ВАО бо амалисозии "Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ", ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад, шинос шуданд.  

Дар поёни мулоқот наҷотдиҳандагон амалиётҳо ҳангоми интиқоли зарардидагон бо истифода аз таҷҳизоти наҷот ва воситаҳои махсуси техникӣ намоиш доданд.