Озмуни ҷумҳуриявии наққошии кӯдакон ҷамъбаст шуд (ВИДЕО)

Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии рассомии кӯдакон таҳти унвони "Мо ҷонибдори ҳаёти бехатар дар рӯи Замин ҳастем», ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид. Озмун дар доираи "Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ" дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакон ва наврасони "Баҳористон", бо дастгирии молиявии Барномаи Рушди СММ ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар тӯли як моҳ кӯдакон ва наврасон асарҳои худро ба телевизиони "Баҳористон" фиристоданд, ки дар он ҷо аъзои ҳакамон наққошиҳои фиристодашударо баррасӣ ва ғолибонро муайян карданд. 

Дар ин озмун 450 нафар кӯдакон ва наврасони аз 5 то 16-сола ширкат варзиданд. Онҳо расмҳо дар мавзӯъҳои офатҳои табиӣ, рафтори бехатар дар ҳолатҳои гуногун, инчунин дар мавриди коронавирус пешниҳод карданд.

11 ноябри соли равон дар боғи Сомони шаҳри Душанбе 21 нафар иштирокчиёни озмун бо ҷоизаҳои хотиравӣ, диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. 

Ҳадафи озмун муайян ва ошкор кардани афроди соҳибистеъдод дар миёни кӯдакону наврасон ва омӯхтани асосҳои рафтори бехатар дар ҳолатҳои мухталифи фавқулода тавассути кори эҷодӣ буд.