Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Паёми солонаи Сарвари Давлат ба Маҷлиси Олиро дастаҷамъона шуниданд (ВИДЕО)

26 январи соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи воҳидҳои минтақавии он тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ҳайати шахсӣ дар толори маҷлис гирди ҳам омад ва пахши мустақими Паёми Пешвои миллат – ин рӯйдоди тақдирсоз барои кишварро аз “Кохи Сомон” тамошо кард.

Сарвари давлат мавқеи худро оид ба самтҳои асосии рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар соли 2020 баён карданд. Президент инчунин намояндагони ҳарду палатаи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муҳимтарин қарорҳое, ки ӯ мутобиқи салоҳияти конститутсионии худ қабул кардааст, огоҳ карданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Ҳукуматро таҳлил карданд. Сарвари давлат инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишварро барои соли 2021 муайян намуданд.