Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз яху тармаву барф эҳтиёт кунед

Чуноне пештар ҳам хабар дода будем, бад шудани вазъи ҳаво дар қаламрави кишвар мушкилоти нав ба зиндагии мардум меорад ва бахусус бориши барфи шадид дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаракати мошинҳо дар роҳҳоро душвор кард. Мо дирӯзу имрӯз дар бораи лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар хабарҳо интишор додем. Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ки маъмулан дар ин айём ба вуқӯъ мепайванданд, тавсияҳоеро хотиррасон мекунад.

КҲФ ба аҳолие, ки дар деҳот ва минтақаҳои кӯҳӣ ҳаёт ба сар мебаранд муроҷиат мекунад: ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ лутфан қоидаҳои бехатариро риоя намоед, шабакаҳои интиқоли қувваи барқро бо печҳои барқӣ ва дигар таҷҳизот пур накунед. То ҳадди имкон тирезаҳоро маҳкам кунед ва ба сард шудани утоқҳо роҳ надиҳед.  Дар истифода аз бухориҳое, ки хонаҳоро бо ангишт гарм мекунанд, эҳтиёткор бошед, сари вақт дудбарои хонаҳоро тоза кунед.

Ҳангоме ки барфи тар меборад, вақти гузар аз зери дарахтон ва симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ эҳтиёт кунед ва агар ҳодисаҳоеро назири канда шудани сими барқ мушоҳида кардед ва шикастани дарахтонро дидед, ки роҳҳоро банд мекунанд, ба хадамоти фаврӣ хабар расонед.  

Ғайр аз ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, муваққатан то мусоид шудани ҳаво ба ғунучини ҳезум, сайри талу теппаҳо ва шикор нараванд.

Бо мақсади пешгирии садамаҳо, КҲФ аз роҳбарони ҳама муассисаҳо, инчунин аз соҳибони биноҳои истиқоматии хусусӣ даъват мекунад, ки бомҳои хонаҳои худро пайваста аз ғарами барф тоза кунанд, то барфи тар аз вазнинӣ зарар нарасонад.

Вақте ҳаво сардтар мешавад, аз бомҳо шушаҳои ях ба зер овезон мешаванд. Аммо чун рӯз ҳаво каме гарм мешавад, ин шушаҳо метавонанд об шаванд ва аз пайванди худ ҷудо гаштаву сарозер шаванд. Ин метавонад хатар дошта бошад, шуша аз боло ба зер ояд ва ба одамон исобат кунад. Пас бояд шаҳрвандон ҳангоми аз зери бомгӯшаҳо убур кардан хеле эҳтиёткор бошанд. 

Зикр бомаврид аст, ки дар яхбандӣ маъмулан шумори осебдидагон дар кӯчаҳо меафзояд. Барои он ки налағжед ва осеб набинед, сари вақт ба пойафзоли худ эътибор диҳед, ҳатман попӯшҳоеро пӯшед, ки лағжонак набошанд. Бахусус, занон бояд дар чунин рӯзҳо аз пӯшидани пойафзоли пошнабаланд худдорӣ кунанд. 

КҲФ ба ронандагон ҳушдор медиҳад, ки вақти сафар дар роҳҳои яхиву пурбарф кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, фосиларо риоя кунанд ва хубтар аз ҳама аз сафарҳои безарурат дар чунин ҳолатҳои худдорӣ кунанд. 

Ёдовар мешавем, агар ба ҳодисаи фавқулодае рӯ ба рӯ шавед, метавонед фавран бо телефонҳои:

  • 112
  • 93 880 28 19
  • 23-13-11  ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намоед.