Сарвари Кумита ба ғолибони мусобиқоти варзишӣ тӯҳфаҳо супурд

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Клуби марказии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон  мусобиқоти варзишии футболи хурд, волейбол, шатранҷ, ҷаҳидан ба баландӣ миёни тимҳои варзишии мақомоти қудратии кишвар, вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатии пойтахт баргузор шуд.

20 феврали соли 2021 натиҷаи ин мусобиқот ҷамъбаст гардид ва дастаи КҲФ дар футболи хурд ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ҷойи дуюм насиби шатранҷбозони Кумита шуд.   

24 феврал Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар вазъияти ботантана ба ғолибони ин мусобиқоти варзишӣ, аз ҷумла ба тими футболи хурд ва касоне, ки дар бозии шатранҷ ҷойи дуюмро соҳиб шуда буданд, медалҳо, дипломҳо ва ҷоми ғолибиятро тақдим намуд. 

Сарвари КҲФ ғолибонро ба ин муносибат муборакбод намуд ва барояшон комёбиҳои беҳтару бештарро орзу кард. 

барчасп: